2026年中国政府奖学金考试招生工作通知

2025-11-21 23:00

“中国政府奖学金”是面向世界各国学生,由中国政府设立、中国国家留学基金管理委员会(China Scholarship Council,简称“国家留学基金委或CSC”)直接负责招生和管理的奖学金项目。招生院校及专业信息具体可见留学中国网,网址: www.campuschina.org

2026年中国政府奖学金招生选拔工作将于2025年11月启动,本次选拔及申报工作由中国驻塔吉克斯坦大使馆负责,具体考务工作由塔吉克斯坦民族大学孔子学院、冶金学院孔子学院共同承办。为做好相关工作,安排事宜如下:

一、申请人条件

(一)申请人须为塔吉克斯坦国籍公民,身体健康(无   传染病、无精神病、无身孕等),无犯罪记录,服从国家留学生基金委对申请人所报志愿(地区和学校)的调剂。

(二)申请人的学历和年龄要求:

1.学习本科专业者,须具有高中毕业学历,年龄不超过25周岁。

2.攻读硕士学位者,须具有学士学位,年龄不超过35岁。

3.攻读博士学位者,须具有硕士学位,年龄不超过40岁。

4.申请作为汉语进修生学习者,须具有大学汉语专业二年级以上学历,年龄不超过45岁。

5.申请高级进修生学习者,须具有硕士以上学位或副教授以上职称,年龄不超过50岁。

6.申请以中文为专业教学语言的学科、专业的,攻读学士学位者及普通进修生(汉语言专业除外)、高级进修生,中文水平报名一年进修或者本科要求达到HSK三级水平,报名硕士或者博士要求达到HSK四级水平。

7.已经获得过奖学金资助的学生不可申报同等类别或低一级别的奖学金项目(获得过一年奖学金的学生不得再次报考一年奖学金项目,获得过本科奖学金的学生不得再报考本科或者一年奖学金项目,获得过研究生奖学金的学生不可再报研究生、本科或一年奖学金项目)。

8.专业要求,申请攻读研究生层次专业应具备相关学科学习背景。

9.申请攻读学士学位者须参加“来华留学本科入学学业水平测试(CSCA)”。

二、报名考试时间安排

1.2025年11月14日发布报名通知及报名要求。

2.2025年11月22日-12月19日,在塔吉克斯坦民族大学孔子学院微信公众号(wechat:tjkkzxy)下载相关报名材料,

在https://p8wravkip3kb63mw.mikecrm.com/9DYduDW网页提交电子材料。

3.2025年12月23日-12月27日现场审核、补交电子材料及现场缴费,

4.2026年1月12日-13日凭护照及缴费发票及本人护照去到孔子学院领取准考证。

5.2026年1月14日,在塔吉克斯坦民族大学孔子学院、冶金学院孔子学院两个考点举行考试(暂定,具体时间以准考证为准)。

6.2026年2月2日,公布拟推荐名单及网申地址(暂定),并开始网上申报。

三、网上报名所需材料

报名所需材料扫描成PDF(3cm*4cm照片除外),每项材料分项命名后,依序建立文件夹压缩成小于10M的压缩包后上传。

1.网上填写《中国政府奖学金申请表》(中文或英文填写),(此表需要在选拔考试结束后,拟推荐学生需要填写);

2.塔吉克斯坦国外护照和国内护照(国外护照有效期须晚于2027年3月1日);

3.个人近期证件照片1张(尺寸为3cm*4cm);

4.经过公证的最高学历证明。如申请人为在校学生,须另外提交本人就读学校出具的在学证明(中英文以外文本须附经公证的中文或英文的译文);

5.学习成绩单(中英文以外文本须附经公证的中文或英文的译文);

6.来华学习或研究计划。(本科生不少于200字,进修生不少于500字,研究生不少于800字),用中文或英文书写;

7.推荐信2份,由申请人所在学校、中文培训机构及老师出具均可,用中文或英文书写。申请攻读硕士、博士学位者和申请作为高级进修生来华学习者,须提交两名教授或副教授的推荐信;

8.无犯罪证明,需中文或英文翻译公证;

9.语言能力证明。申请以中文为专业教学语言的申请人需提供有效期内且与相应中文水平要求相符的HSK成绩报告。报名一年进修或者本科要求达到HSK三级水平,报名硕士或者博士要求达到HSK四级水平,申请以外语为专业教学语言的申请人根据学校要求提供相应的语言能力证明,如雅思或托福成绩单,申请人应当同时符合所申请学校在学术能力、语言能力及其它相关方面的入学要求;

10.来华留学本科入学学业水平测试(CSCA)成绩单。申请攻读学士学位者须在申报截止日期前报名参加CSCA并取得有效成绩单(申请2026年9月入学的,须报名参加2025年12月21日CSCA考试)。申请专业所需的必考测试科目请联系志愿院校查询获取,CSCA介绍及报名通道请登录www.csca.cn查看。

11.预录取材料。申请赴华学习者需提供申请院校出具的预录取材料(预录取材料包括:中国院校招生部门出具的预录取通知书或学院/导师开具的邀请函或导师接收证明等),请申请人员自行与拟申请奖学金的中国院校联系,获取预录取材料。预录取材料必须于孔院选拔考试结束后取得(必须于2026年1月14日前取得),可申请中国政府奖学金的院校请查看“留学中国网”http://www.campuschina.org/zh/universities/index.html(因自身原因缺少预录取材料而导致未被录取的情况,本人承担相关责任)。

12.需提交《外国人体格检查表》扫描件(原件自行保存,表格在民族大学孔子学院领取或网站自行下载,英文填写,严格按照《外国人体格检查表》中要求的项目进行检查,项目齐全,贴本人照片,照片上加盖骑缝章,医师签字,加盖医院公章,不符合要求体检表无效);

13.申请学习音乐专业、美术专业的学生须提交本人作品,或按申请院校要求以其他方式提供;

14.报名及考试费用100索莫尼;

注意:通过系统上传的材料须清晰、真实、有效。建议申请人使用专业设备扫描需提交的有关文件,因材料不清晰或无法可识别造成的后果由申请人承担。

四、咨询方式

塔吉克斯坦民族大学孔子学院:tjkkzxyjxj@gmail.com

塔吉克斯坦冶金孔子学院:tjkyjkzxy@mail.ru


Эълони қабули довталабон ба Стипендияи Ҳукумати Чин барои солҳои 2026

“Стипендияи Ҳукумати Чин” як барномаи стипендия барои донишҷӯёни тамоми ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Чин ва Шӯрои стипендияи Чин (CSC) таъсис дода шудааст. Маълумоти муфассалро дар бораи муассисаҳо ва ихтисосҳо дар сайти www.campuschina.org пайдо кардан мумкин аст. 

Раванди қабул ва интихоби довталабон ба стипендияи Ҳукумати Чин барои соли хониши 2025-2026 моҳи ноябр оғоз мегардад. Интихоб ва ба қайдгирии довталабон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Корҳои имтиҳонӣ аз ҷониби Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани кори имтиҳон тадбирҳои зерин андешида шудаанд:

1. Талаботҳо нисбати довталаб

1) Довталаб бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад, солим (бе бемории сироятӣ, бемории рӯҳӣ, ҳомиладорӣ ва ғ.), доғи судӣ надошта бошад. Бо назардошти тасҳеҳи афзалияти гузоришшудаи довталаб (минтақа ва мактаб) ба Шӯрои миллии Стипендияи донишҷӯёни хориҷӣ итоат кунад.

2. Талаботи таҳсил ва синну соли довталаб:

1) Довталабоне, ки дар бахши бакалавриат таҳсил кардан мехоҳанд, бояд аттестати муассисаи таҳсилоти миёна бо натиҷаи холҳои хуб дошта бошанд ва синнашон аз 25 зиёд набошад. 

2) Довталабоне, ки дар бахши магистратура таҳсил кардан мехоҳанд, бояд дараҷаи бакалавр бо натиҷаи холҳои хуб дошта бошанд ва синнашон аз 35 зиёд набошад.

3) Довталабоне, ки дар бахши докторантура таҳсил кардан мехоҳанд, бояд дараҷаи магистр дошта бошанд, натиҷаи холҳои хуб дошта бошанд ва синнашон аз 40 зиёд набошад.

4) Довталабоне, ки дар курси забономӯзи таҳсил кардан мехоҳанд, бояд аттестати муассисаи таҳсилоти миёна дошта бошанд ва синнашон на бештар аз 45 сол бошад.

5) Довталабоне, ки мехоҳанд дар курсҳои такмили ихтисос иштирок намоянд, бояд дараҷаи магистр ё унвони касбии дотсент ё болотар дошта бошанд ва синнашон аз 50 зиёд набошад.

6) Довталабоне, ки барои таҳсил дар бахши бакалавриат аз рӯи фанҳо ва ихтисосҳо бо забони чинӣ ҳамчун забони таълим ҳуҷҷат месупоранд, бояд сатҳи забони чинии дараҷаи 3 (HSK 3) -ро дошта бошанд. Довталабоне, ки мехоҳанд дар бахши магистратура ва ё докторантура бо забони чинӣ таҳсил намоянд, бояд сатҳи забони чинии дараҷаи 4 (HSK 4)-ро дошта бошанд.

7) Донишҷӯёне, ки аллакай стипендияро дар бахшҳои муайян ба даст овардаанд, наметавонанд такроран барои ҳамон категория номнавис кунанд (донишҷӯёне, ки стипендияи яксола гирифтаанд, иҷозат дода намешавад, ки дубора барои яксола номнавис кунанд, донишҷӯёне, ки дараҷаи бакалаврӣ гирифтаанд иҷозат дода намешавад, ки барои гирифтани стипендияи бакалаврӣ ё яксола аз нав номнавис кунанд ва ба довталабоне, ки стипендияи магистрӣ гирифтаанд, аз нав дараҷаи магисратура ё дараҷаи бакалаврӣ ё яксола иҷозат дода намешавад).

8) Талаботи ихтисосӣ, довталабон барои ихтисосҳои баъдидипломӣ бояд маълумоти дахлдори илмӣ дошта бошанд.

9) Довталабоне, ки мехоҳанд барои гирифтани дараҷаи бакалавр дар Чин таҳсил кунанд, бояд дар “Имтиҳони сатҳи академии дохилшавӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ дар зинаи бакалавр дар Чин (CSCA)” иштирок намоянд.

2. Вақти бақайдгирии имтиҳон

1) Эълон ва талаботи бақайдгирӣ санаи 14 ноябри соли 2025 нашр мегардад.

2) Аз 22 ноябр то 19 декабри соли 2025 маводи дахлдори бақайдгириро аз сайти Вечати Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ (wechat:tjkkzxy) зеркашӣ кунед ва маводи электрониро дар саҳифаи интернетии https://p8wravkip3kb63mw.mikecrm.com/9DYduDW пешниҳод намоед.

3)Пардохти маблағ ва маводҳои электронӣ аз 23 декабр то 27 декабри соли 2025 супорида мешавад.

4)Аз 12 то 13 январи соли 2026 бо шиноснома ва чеки пардохт ба Донишкадаи Конфутсий рафта, роҳхат барои имтиҳонро гиред.

5)Имтиҳон 14 январи соли 2026 дар Донишкадаи Конфутсийи назди  ДМТ ва Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад (нигаред ба роҳхати имтиҳон).

6)2 феврали соли 2026 рӯйхати довталабоне, ки аз имтиҳон мегузаранд эълон карда мешавад, ҳамзамон сомонаи бақайдгирӣ ва бақайдгирӣ дар шакли онлайнӣ оғоз меёбад. 

3.Маводҳое, ки барои бақайдгирии онлайнӣ заруранд

Маводҳои лозимиро барои бақайдгирӣ бо шакли PDF (ба истиснои суратҳои 3*4). Пас аз он ки ҳар як мавод номгузорӣ шудааст, папкае созед ва онро ба як бастаи фишурдашуда камтар аз 10М фишурда кунед.

1)Дар сомона “Варақаи дархости стипендияи Ҳукумати Чин”-ро пур намоед (бо забонҳои чинӣ ё англисӣ) ва (ин варақаро пас аз муайян шудани натиҷаи имтиҳони мазкур, довталабоне ки аз имтиҳон гузаштаанд пур мекунад);

2) Шиносномаи хориҷӣ ва шиносномаи дохилии Тоҷикистон (муҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ бояд дертар аз 1 марти соли 2027 бошад);

3) Як дона сурат, ки ба наздикӣ гирифта шуда бошад (андозаи 3*4);

4) Дипломи тахассусӣ нотариалӣ тасдиқ карда шуда бошад. Агар довталаб ҳоло ҳам донишҷӯ бошад, бояд аз муаасисае, ки таҳсил дорад маълумотнома пешкаш намояд, (маълумотнома бо забонҳои чинӣ ё англисӣ тарҷума ва тасдиқи нотариалӣ);

5) Варақаи баҳоҳо (бо забонҳои чинӣ ё англисӣ тарҷума ва тасдиқи нотариалӣ);

6) Нақшаи таҳсил дар Чин. (Барои донишҷӯёни бакалавр на камтар аз 200 калима, барои донишҷӯёни забономӯз на камтар аз 500 калима ва барои донишҷӯёни магистр на камтар аз 800 калима) бо забони чинӣ ё англисӣ навишта шавад;

7) 2 дона тавсифнома аз ҷониби муассисаи довталаб, муассисаи таълимии чинӣ ё омӯзгор дода шавад ва бояд бо забони чинӣ ё англисӣ навишта шуда бошад. Довталабоне, ки барои таҳсил дар дараҷаи магистр, докторантура номнавис мекунанд, бояд аз ду профессор ё дотсент тавсифнома пешниҳод намоянд;

8) Маълумотномаи надоштани доғи судӣ бо тарҷумаи чинӣ ё англисӣ бо тасдиқи нотариалӣ;

9) Сертификати донистани забон. Довталабоне, ки барои истифода бурдани забони чинӣ ҳамчун забони таълимии касбӣ муроҷиат мекунанд, бояд натиҷаи имтиҳони сатҳи забони чинӣ (HSK)-ро пешниҳод кунанд, ки дуруст ва ба талаботи забони чинӣ ҷавобгӯ бошад. Довталабоне, ки барои таҳсили яксола ё таҳсил дар бахши бакалавриат ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, бояд сатҳи забони чинии дараҷаи 3 (HSK 3) ва онҳое, ки барои таҳсил дар бахши магистратура ва ё докторантура муроҷиат мекунанд, бояд сатҳи забони чинии дараҷаи 4 (HSK 4) дошта бошанд. Довталабоне, ки барои гирифтани забони хориҷӣ ҳамчун забони таълимии ихтисоси худ муроҷиат мекунанд, тибқи талаботи муассиса сертификатҳои IELTS ва TOEFL мувофиқи донистани забон пешниҳод кунанд.

10) Натиҷаи имтиҳони сатҳи академии дохилшавӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ дар зинаи бакалавр дар Чин (CSCA). Довталабоне, ки мехоҳанд барои гирифтани дараҷаи бакалавр дар Чин таҳсил кунанд, бояд то ба поёни муҳлати дархост номнавис шуда, дар имтиҳони CSCA иштирок намоянд ва варақаи натиҷаи эътиборнок пешниҳод кунанд. Барои онҳое, ки мехоҳанд дар сентябри соли 2026 таҳсилро оғоз намоянд, лозим аст, ки дар имтиҳони CSCA, ки рӯзи 21 декабри соли 2025 баргузор мешавад, иштирок кунанд. Фанҳои ҳатмии имтиҳон барои ихтисоси интихобкардаатонро метавонед аз донишгоҳи дилхоҳатон (мактаби олӣ, ки мехоҳед дар он таҳсил кунед) пурсон шавед. Маълумоти муфассал дар бораи CSCA ва роҳҳои номнависӣ дар сомонаи расмӣ дастрас аст:www.csca.cn

11) Маводҳои пеш аз қабул. Донишҷӯёне, ки барои таҳсил дар Чин ба қайд мегиранд, бояд маводҳои қабули пешакиро, ки аз ҷониби муассисае, ки онҳо дархост мекунанд, пешниҳод кунанд (маводи қабули пешакӣ иборатанд аз: мактуби қабули пешакӣ аз ҷониби шӯъбаи қабули муассисаи Чин ё мактуби даъватӣ, ки аз ҷониби донишкада/омӯзгор дода шудааст) ё маълумотномаи роҳбари илмӣ ва ғайра). Бо муассисаи Чин тамос гиред, ки дар он ҷо шумо худатон барои гирифтани стипендия дархост кардан мехоҳед, то мактуби дохилшавӣ ба даст оред. Маводҳои қабули пешакӣ бояд пас аз ба итмом расидани имтиҳони интихобии Донишкадаи Конфутсий дастрас карда шаванд (бояд то 14 январи соли 2026 гирифта шаванд). Метавонед дар сомонаи Стипендияи Ҳукумати Чин http://www.campuschina.org /zh/universities/index.html бубинед. (Агар шумо бо сабаби надоштани мактуби дохилшавӣ бо сабабҳои худ қабул нашавед, масъулияти дахлдорро ба ӯҳда мегиред). 

12) Нусхаи сканершудаи “Варақаи муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ” бояд пешниҳод карда шавад (нусхаи аслӣ бояд дар ихтиёри худ нигоҳ дошта шавад. Ин варақаро аз Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дастрас кунед ё аз вебсайт зеркашӣ намуда, бо забони англисӣ пур намоед. Дар “Варақаи муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ” он чизе, ки талаб карда мешавад, катъиян риоя кунед. Ҳама пурра буда, сурати шахсии худ бошад, ба болои сурат муҳр, имзои духтур ва муҳри беморхона гузошта шуда бошад. Агар варақаи муоинаи тиббӣ ба талабот ҷавобгӯ набошад, эътибор надорад;

13) Довталабоне, ки барои таҳсил дар ихтисосҳои мусиқӣ ва санъат номнавис мекунанд, бояд асарҳои худро пешниҳод кунанд ё ба тариқи дигар, ки муассиса довталабро талаб мекунад, пешниҳод кунанд;

14) Пардохти бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо: 100 сомонӣ;

Диққат: Ҳуҷҷатҳое, ки тавассути сайт пешниҳод карда мешаванд, бояд равшан, ҳақиқӣ ва эътиборнок бошанд. Тавсия дода мешавад, ки довталабон барои нусхабардорӣ кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҷҳизоти касбӣ истифода баранд. Агар дар натиҷаи норавшанӣ ё шинохта нашудани мавод мушкилӣ ё паёмади нохуш ба миён ояд, масъулияти он бар дӯши довталаб хоҳад буд.

4. Усули тамос:

Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: tjkkzxyjxj@gmail.com

Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон: tjkyjkzxy@mail.ru