Нақшаи интихоби «Стипендияи Сафири Чин барои соли 2026»

2026-09-23 13:43

Бо мақсади мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстонаи Чину Тоҷикистон, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни халқҳои ду кишвар, инчунин ҳавасманд намудани ҷавонони болаёқати Тоҷикистон ба омӯзиши фарҳанги Чин ва шиносоӣ бо рушди ин кишвар, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стипендияи Сафири Чин барои соли 2026»-ро таъсис медиҳад.

Ҳадафи стипендия дастгирии донишҷӯёни Тоҷикистон мебошад, ки барои рушди робитаҳо ва ҳамкории Чину Тоҷикистон саҳм гузоштан мехоҳанд ва барои рушди муносибатҳои ду кишвар дар оянда ба тарбияи мутахассисони болаёқат мусоидат менамоянд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, бо ҳамкории Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аз ҳамаи довталабоне, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд, самимона хоҳиш ва даъват карда мешавад, ки барои гирифтани стипендия фаъолона ҳуҷҷат супоранд.

I. Талабот барои довталабон

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба Чин ва фарҳанги чинӣ муҳаббат дошта бошад.

2. Довталабони  ихтисоси забони чинӣ бояд дорои шаҳодатномаи HSK сатҳи 3 ва HSKK сатҳи ибтидоӣ ё болотар бошанд.

Донишҷӯёни ғайри ихтисоси забони чинӣ метавонанд аз муассисаи таълимии хеш тавсиянома пешниҳод созад; 

3. Дар соли таҳсили 2025–2026 баҳои миёна дар муассисаи таълимӣ аз баҳои 4 паст набошад ва ё натиҷаи имтиҳони ӯ дар курсҳои забономӯзии чинӣ то ҷои панҷум бошад;

4. Дар сурати баробар будани дигар шартҳо, ба довталабоне  аз ҷиҳати иқтисодӣ ниёзманд ва дорои натиҷаҳои хуби таҳсил афзалият дода мешавад. Довталаб бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод намояд, аз ҷумла маълумотномаи дахлдор ё маълумотномаи муассисаи таълимӣ дар бораи вазъи душвори иқтисодии оила.

5. Ҳолатҳои зерин барои иштирок дар озмун иҷозат дода намешаванд:

1. Шахсоне, ки дар соли таҳсили гузашта аллакай Стипендияи Сафири Чин гирифтаанд;

2. Шахсоне, ки қаблан дигар стипендияҳои Чинро гирифтаанд;

3. Шахсоне, ки нисбаташон чораҳои ҳуқуқӣ ё интизомии муассисаи таълимӣ татбиқ шудаанд;

4. Шахсоне, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба тақаллуб ё қаллобӣ даст задаанд;

5. Шахсоне, ки ҳолатҳои дигари ба талаботи гирифтани стипендия номувофиқ доранд.

II. Тартиби додани стипендия

Дар маҷмӯъ 40 нафар ғолиб интихоб карда мешаванд.

Стипендия дар шакли маблағи пулӣ дода мешавад.

III. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

1. Шакли дархост барои «Стипендияи Сафири Чин барои соли 2026»;

2. Акси электронии ҳуҷҷатӣ бо андозаи 3×4 см;

3. Шиносномаи байналмилалӣ — ҳаҷми файл бояд аз 0,8 МБ кам бошад;

4. Шаҳодатномаи натиҷаҳои HSK ва HSKK (дар сурати мавҷуд будан);

5. Маълумотнома оид ба натиҷаҳои таҳсил барои соли таҳсили 2025–2026, ки аз ҷониби муассисаи таълимӣ дода шудааст. Агар ҳуҷҷат ба забони тоҷикӣ бошад, он бояд ба забони чинӣ ё русӣ тарҷума ва ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад;

6. Маълумотнома дар бораи таҳсил дар муассисаи таълимӣ. Агар ҳуҷҷат ба забони тоҷикӣ бошад, он бояд ба забони чинӣ ё русӣ тарҷума карда шавад;

7. 1–2 тавсиянома, ки аз ҷониби муассисаи таълимӣ ё омӯзгор дода шудаанд (ба забони чинӣ ё русӣ);

8. Ҳама гуна шаҳодатномаҳо, ифтихорномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дастовардҳо, ки дар давоми соли таҳсили 2025–2026 гирифта шудаанд. Агар ҳуҷҷатҳо ба забони тоҷикӣ бошанд, онҳо бояд ба забони чинӣ ё русӣ тарҷума карда шаванд.

Эзоҳ: Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостӣ бояд тибқи тартиби дар боло зикршуда пайдарпай скан карда шуда, ба шакли як файли PDF пешниҳод карда шаванд.

Номи файл бояд чунин бошад:

Стипендияи Сафири Чин барои соли 2026 – ному насаби довталаб – номи муассисаи таълимӣ

IV. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

Довталабон бояд дар муҳлати аз 21 сентябр то 15 октябри соли 2026 нусхаи электронии ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳои заруриро ба почтаи электронии Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ё Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ирсол намоянд.

V. Интихоби ғолибон ва огоҳонӣ

1. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон комиссияи муштараки арзёбӣ таъсис медиҳанд.

Комиссия мутобиқати довталабон ба талабот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ менамояд.

Номгӯи ғолибон тавассути сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳифаи расмии Сафорат дар Вичат нашр карда мешавад.

2. Маросими супоридани «Стипендияи Сафири Чин барои соли 2026» дар аввали моҳи ноябри соли 2026 баргузор мегардад.

Стипендия ба ғолибон як маротиба дар шакли маблағи пулӣ супорида мешавад.

VI. Бақайдгирӣ ва машварат

Нақшаи мазкур дар сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳифаи расмии Сафорат дар Вичат нашр карда мешавад.

Дар сурати пайдо шудани саволҳо, метавонед ба суроғаҳои электронии зерин муроҷиат намоед:

Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
790846967@qq.com

Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон:
sweetyxiaohong@163.com

Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 сентябри соли 2026